Қазоқистон барои равуои қатораҳои Қирғизистон шароити мусоидтар фароҳам кард

Идораи "Роҳи оҳани Қазоқистон" тарофаҳои равуои қатораҳои Қирғизистонро ба Русия ба таври фаврӣ арзон мекунад. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба мақомоти роҳи оҳани Қазоқистон, шуруъ аз 10 январ шароити мусоиде барои равуои қаторҳо ба Қирғизистон, аз Қирғизистон тавассути ҳудуди Қазоқистон фароҳам шудааст. "Роҳи оҳани Қазоқистон" қимати равуои қаторҳои Қирғизистонро […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Идораи "Роҳи оҳани Қазоқистон" тарофаҳои равуои қатораҳои Қирғизистонро ба Русия ба таври фаврӣ арзон мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба мақомоти роҳи оҳани Қазоқистон, шуруъ аз 10 январ шароити мусоиде барои равуои қаторҳо ба Қирғизистон, аз Қирғизистон тавассути ҳудуди Қазоқистон фароҳам шудааст.

"Роҳи оҳани Қазоқистон" қимати равуои қаторҳои Қирғизистонро кам кард, зеро ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил мешавад. Шуруъ аз 13-14 январ тарофаҳои нав амалӣ мешаванд, зеро мо соли гузашта инро ваъда дода будем", – гуфтаанд мақомоти роҳи оҳани Қазоқистон.

Гуфта мешавад, интиқоли як вагони ҳомили маҳсулоти гӯштӣ аз Қирғизистон то Русия (масофаи 2021 километр) пештар 5155 доллари ИМА арзиш дошт, баъди ҷорӣ шудани тарофаҳои нав 1820 доллар хоҳад буд.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, зарареро, ки дар пайи пойин бурдани тарофаи қаторҳои Қирғизистон мерасад, аз ҳисоби афзудани шумори қаторҳо ҷуброн мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.