Пирӯзии «Ҳосилот» дар даври аввали интихобии Ҷоми КФО

Date:

Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли гузашта – дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор баъди мусовӣ дар бозӣ бо тими «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон ба даври дигари марҳилаи интихобии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 роҳ ёфт.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии ҷавобии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусовӣ – 0 бар 0 анҷом ёфта, аз ҳисоби ғалаба дар бозии аввал (1:0) «Ҳосилот» ба даври дигар роҳхат гирифт.

Дар марҳилаи дуюми интихобӣ барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳӣ «Ҳосилот» бо дастаи «Дордой»-и Бишкек қуваозмоӣ мекунад. Дастаи Қирғизистон дар даври аввал бар дастаи «Балкан»-и Турманистон (ҳисоби бозиҳо – 1:1 ва 2:1) дастболо шуд.

Бозии аввали марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми КФО-2017 миёни «Ҳосилот» ва «Дордой» 21-уми дар шаҳри Ош ва бозии ҷавобӣ санаи 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...