Сӯзишворӣ барои автомашинаҳо дар пойтахт ба охир мерасад

Мушкилоти ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ба камбуди сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши шаҳри Душанбе боис гардида, айни замон дар аксари ин нуқтаҳо гази моеъ, ки ҳудуди 60%-и автомашинаҳо аз он истифода мекунанд, ба охир расидааст. Ронандагон мегӯянд, ҳафтаи охир нархи гази моеъ боло рафта, имрӯз он ба охир расидааст. Тайи ҳафтаи ахир арзиши […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мушкилоти ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ба камбуди сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши шаҳри Душанбе боис гардида, айни замон дар аксари ин нуқтаҳо гази моеъ, ки ҳудуди 60%-и автомашинаҳо аз он истифода мекунанд, ба охир расидааст.

Ронандагон мегӯянд, ҳафтаи охир нархи гази моеъ боло рафта, имрӯз он ба охир расидааст. Тайи ҳафтаи ахир арзиши гази моеъ ба ҳисоби миёна 40 дирам ва нархи бензини маъмули навъи АИ-92 аз 5,4 сомонӣ барои 1 литр то ба 5,9 сомонӣ афзудааст.

Ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ ин ҳолатро ба мушкилоти ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Хуҷанд нисбат медиҳанд, ки сӯзишворӣ тариқи ҳамин роҳ ба пойтахт оварда мешавад.

Аз ҶСК «Газпромнефт-Тоҷикистон» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки бинобар сабаби тез-тез баста шудани ҳаракати нақлиёт тариқи роҳи Душанбе – Хуҷанд захираҳои сӯзишвории онҳо ба охир расида истодааст.

«Газпромнефт-Тоҷикистон» яке аз ширкатҳои асосии воридкунандаи сӯзишвории автомобилӣ ба бозори Тоҷикистон буда, тариқи автомобил онро аз Хуҷанд ба минтақаи марказии кишвар интиқол медиҳад. Дар навбати худ ба Хуҷанд сӯзившорӣ аз Қазоқистону Русия тавассути роҳи оҳан оварда мешавад.

Дар ширкат зикр карданд, ки захираҳои гази моеъ амалан ба охир расида, дар баъзе нуқтаҳои фурӯш он аллакай мавҷуд нест. Зхаираҳои бензин бошад, айни замон ҳамагӣ 110 тоннаро ташкил медиҳанд, ки танҳо барои ду рӯз кифоя аст.

Дар дигар ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ, аз ҷумла дар ширкати «Фароз» низ захираҳои гази моеъ ба охир расида, дар он ҷо низ ин вазъро ба мушкилоти ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Хуҷанд нисбат медиҳанд.

Бино ба маълумоти сохторҳои энергетикии ҷумҳурӣ, талаботи якмоҳаи Тоҷикистон ба гази моеъ – ҳудуди 30 ҳазор тонна ва ба бензин – каме бештар аз 15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.