Анҷоми даври аввали мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат

Date:

Давоми рӯзҳои 5-8 март даври аввали мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон доир гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, чемпиони мамлакат – «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахт «Барқчӣ»-и Ҳисорро қабул карда, бо натиҷаи 6:0 ғалаба кард. Се тӯбро Манучеҳр Ҷалилов, ду голро –  Дмитрий Барков ва як голи дигарро Ҷаҳонгир Алиев ба нишон расониданд

«Ҳосилот»-и Фархор дар бозии нахустини худ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуда, голи меҳмононро Дилшод Бозоров ва голҳои соҳибони майдонро Ҳасан Рустамов ваАгблей Ҷонс ба ҳадаф расониданд.

Ду бозии дигари давраи якуми мусобиқаи 26-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбе, 5 март доир гардид, бинобар омода набудани варзишгоҳҳои шаҳрҳои Турсунзодаву Қӯрғонтеппа, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо гардида, бо натиҷаҳои мусовӣ анҷом ёфтанд. Бозии «Регар-ТадАЗ» бо «Панҷшер» – 1:1 ва «Вахш» бо КМВА»Помир» – 0:0 анҷом пазируфт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...