Оғози намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Душанбе

Date:

Нахустин намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии 160 корхонаҳои Ӯзбекистон имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ мекунад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ширкати «Узэспоцентр»-и Ӯзбекистон, инчунин бо дастгирии расмии ҳукуматҳои кишварҳо ва Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, сармоягузорӣ ва савдои кишвари ҳамсоя созмон дода мешавад.

Дар намоиш-ярмарка маҷмӯи васеи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти корхонаҳои мошинсозӣ, индустрияи кимиё, саноати сабук, дорусозӣ, корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, маводи ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, техникаи кишоварзӣ,таҷҳизоти маишӣ, сарулибоси махсус ва ғайра ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд, ки ба тамоми меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Кори намоиш-ярмарка то 21 апрел идома ёфта, санаи 19 апрел дар ҳошияи он баргузории вохӯрии доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар дар назар аст, ки дар он аз иштироки беш аз 100 нафар соҳибкорону тоҷирон аз ҳарду ҷониб интизорӣ меравад.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон қариб 6 маротиба афзуда, ҳудуди 70 млн. долларро ташкил дод. Дар ҳаҷми умумии муомилот наздики 36 млн. доллар ба содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва қариб 34 млн. доллар ба воридоти маҳсулот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рост меояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...