Варзишгари навраси тоҷик Африқоро фатҳ кард

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия дар Ҷоми Африқо Тоҷикистонро муаррифӣ карда, медали тилло ба даст овард. Президенти Федератсияи дзюдо ва самбои шаҳри Иркутск Эргаш Маҳмадбеков ба Sputnik Тоҷикистон хабар додааст, ки Сомон дастпарвари мактаби дзюдо дар шаҳри Иркутск буда, дар мусобиқа Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст. Сомон Маҳмадбеков дар сабқат ҳарифонашро аз  Алҷазоир, Белорус ва Тунис […]

Sputnik Тоҷикистон

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия дар Ҷоми Африқо Тоҷикистонро муаррифӣ карда, медали тилло ба даст овард.

Президенти Федератсияи дзюдо ва самбои шаҳри Иркутск Эргаш Маҳмадбеков ба Sputnik Тоҷикистон хабар додааст, ки Сомон дастпарвари мактаби дзюдо дар шаҳри Иркутск буда, дар мусобиқа Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст.

Сомон Маҳмадбеков дар сабқат ҳарифонашро аз  Алҷазоир, Белорус ва Тунис дар вазни 66 килограм мағлуб намуда, аввалин варзишгари тоҷик аст, ки дар Ҷоми Африқо ғолибияти кулро ба даст овардааст.

Гуфта мешавад, варзишгари ҷавон  сараввал дар сабқати ҷудо дар шаҳри Санкт-Петербург иштирок намуда, сипас ба Ҷоми Африқо роҳ ёфтааст. Илова бар ин, Сомон дар Тунис дар натиҷаи мусобиқа 100 хол ба даст оварда,  ҳамин тавр аввалин варзишгари ҷавоне гаштааст, ки дар ин ҷом парчами Тоҷикистонро боло бардошта бошад.

Сомон Маҳмадбеков- варзишгари тоҷики муқими Русия дар Иркутск таваллуд шуда ба вая расидааст. Вай бародарзодаи варзишгари маъруфи тоҷик Эргаш Маҳмадбеков буда, қаҳрамони дзюдо дар байни юниорҳо ва наврасон дар Сибир аст.

Ҳоло варзишгар ба Ҷоми Аврупо омодагӣ мебинад, ки 15-20 май дар Испания баргузор мешавад. Сомон дар ин сабқат ҳам Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Сомон Маҳмадбеков таҳти  назорати Эргаш Маҳмадбеков ва Фотеҳ Маҳмадбеков- устоди варзиши Русия машқ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.