Дастоварди назарраси дзюдочиёни тоҷик дар Ӯзбекистон

Date:

Варзишгарони ҷавони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон 9 медал – 5 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ ба даст оварданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КМО ҶТ, мусобиқа 11-14 май дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон бо иштироки наздики 200 варзишгар аз 9 давлат – Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон баргузор шуд.

Гуфта мешавад, миёни наврасон варзишгарони мо дар вазнҳои 52 (занон), 55, 60, 66, 73, 81, 90, 100, +100 кило (мардон) рақобат карданд. Дар вазни 81 кило Ҷаҳонгир Маҷидов, дар вазни 100 кило Тимур Раҳимов ва дар вазни +100 кило Ардашер Мирзоев сазовори медали тилло гардиданд. Раҳматуллобек Фарҳодов (81 кило) медали нуқра, Эраҷ Абдуллоев (73 кило), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (90 кило) ва Шукрона Қарчиева (52 кило, миёни бонувон) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар мусобиқа байни ҷавонон Шодмон Ризоев (50 кило) ва Ҷамолиддин Абдуллоев (66) медали тиллоро ба гардан овехтанд. Худобахши Аброр (55), Муҳаммадризо Қувватов (60), Эмомризо Қурбонов ҷои панҷум, Хушвахт Идиев ва Бобоҷон Бобоев ҷои ҳафтумро сазовор шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...