Дархости суръатбахшӣ ба сохтмони манораи нав дар фурудгоҳи пойтахт

Date:

Намояндагони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзҳои 25-28 июн ҷиҳати гуфтушунид оид ба масъалаи сохтмони манораи нави назоратӣ-диспетчерӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дар шаҳри Париж қарор доштанд.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Душанбе дар Париж, дар доираи ин сафар дар Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва молия, ҳамчунин ширкати «THALES» баҳри шиносоӣ бо таҷҳизоти техникии мавриди истеҳсол қарордошта вохӯриҳо доир гардиданд.

Зимни гуфтушунидҳо ҷониби Фаронса барои ҳамкорӣ дар доираи ҳузури нерӯҳои низомии ҳавоии ин кишвар дар Тоҷикистон ҳангоми амалиёти нерӯҳои байнулмилалии таъмини амният дар Афғонистон миннатдорӣ изҳор намуда, дастгириаш ба амалисозии муштараки лоиҳаҳо дар Тоҷикистон дар бахши авиатсияро таъкид дошт.

Дар робита ба масъалаи сохтмони манораи нави назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи Душанбе қайд шуд, ки ҷониби Фаронса ба оғози сохтмони бевосита худи манора омода буда, ояндаи наздик гурӯҳи коршиносон ҷиҳати анҷоми корҳои омодагӣ ба Душанбе сафарбар мешаванд.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон оид ба сохтмони манораи 36-метраи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе мувофиқа ҳосил шуда буд.

Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони фаронсавӣ таҳия шуда, барои амалисозии он 3,5 млн. евро маблағ зарур аст. Лоиҳа аз ҷониби Фаронса бар асоси грантӣ амалӣ мешавад. Муҳлати амалисозии лоиҳа 15 моҳ аз замони ба имзо расидани созишнома дуҷониба муқаррар шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...