Дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баррасии парванда нисбати се сокини ноҳия оғоз гардид, ки ба робита доштан бо созмони ифротгарои “Ҳизбут-таҳрир” гумонбар дониста мешаванд. Гумонбаршудагон 33-36 сола мебошанд.
Тавре як манбаи “Азия-Плюс” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар ин робита иттилоъ дод, онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307, қ. 2, замимаи 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Ташкили фаъолияти созмони ифротгаро ё иштирок дар он) айбдор карда мешаванд.
Зикр гардид, ки айбдоршавандагон соли 2013 ихтиёран ба сафҳои “Ҳизбут-таҳрир” пайваста, онҳоро кормандони КДАМ дар вилояти Суғд боздошт кардаанд.
Бино ба маълумоти суди вилояти Суғд, соли 2016 дар вилоят 30 парвандаи ҷиноятии марбут ба узвияти сокинони вилоят дар созмонҳои ифротгаро баррасӣ шуда, 48 сокини вилоят маҳкум шудаанд.


