Гумонбарии се сокини Суғд ба узвият дар “Ҳизбут- таҳрир”

Дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баррасии парванда нисбати се сокини ноҳия оғоз гардид, ки ба робита доштан бо созмони ифротгарои “Ҳизбут-таҳрир” гумонбар дониста мешаванд. Гумонбаршудагон 33-36 сола мебошанд. Тавре як манбаи “Азия-Плюс” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар ин робита иттилоъ дод, онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307, қ. 2, замимаи […]

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баррасии парванда нисбати се сокини ноҳия оғоз гардид, ки ба робита доштан бо созмони ифротгарои “Ҳизбут-таҳрир” гумонбар дониста мешаванд. Гумонбаршудагон 33-36 сола мебошанд.

Тавре як манбаи “Азия-Плюс” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар ин робита иттилоъ дод, онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307, қ. 2, замимаи 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Ташкили фаъолияти созмони ифротгаро ё иштирок дар он) айбдор карда мешаванд.

Зикр гардид, ки айбдоршавандагон соли 2013 ихтиёран ба сафҳои “Ҳизбут-таҳрир” пайваста, онҳоро кормандони КДАМ дар вилояти Суғд боздошт кардаанд.

Бино ба маълумоти суди вилояти Суғд, соли 2016 дар вилоят 30 парвандаи ҷиноятии марбут ба узвияти сокинони вилоят дар созмонҳои ифротгаро баррасӣ шуда, 48 сокини вилоят маҳкум шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.