Ҳалокати 4 тоҷикистонӣ дар садамаи нақлиёти наздикии Самара

Бар асари садамаи нақлиёти даҳшатнок, ки дар маҳаллаи аҳолинишини Валии вилояти Самараи Русия рух дод, 4 нафар ба ҳалокат расида, боз як нафари ҷароҳатардошта дар бемористон бистарӣ шудааст. Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, ҳодиса субҳи рӯзи 13 июл рух дода, автомашинаи тамғаи хориҷии Hyundai Solaris ба самти муқобили ҳаракат дар роҳ мебарояд ва ба автомашинаи […]

Asia-Plus

Бар асари садамаи нақлиёти даҳшатнок, ки дар маҳаллаи аҳолинишини Валии вилояти Самараи Русия рух дод, 4 нафар ба ҳалокат расида, боз як нафари ҷароҳатардошта дар бемористон бистарӣ шудааст.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, ҳодиса субҳи рӯзи 13 июл рух дода, автомашинаи тамғаи хориҷии Hyundai Solaris ба самти муқобили ҳаракат дар роҳ мебарояд ва ба автомашинаи боркаш (фура)-и Renault Magnum бархӯрда, дар натиҷа дар мавзеи паҳлӯи роҳ чаппа мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират, ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ҳалокшудагон –  Раҳимов Кенҷа Аҳмадович, с/т 1963, Роибов Муҳаммадӣ Пирмаҳмадович, с/т 1997, Бойқулов Маҳмудҷон Алимхонович, с/т 1984 ва Саидмуродов Мурод Саидмуродович, с/т 1963 зикр шудаанд.

Шаҳрванди панҷуми Тоҷикистон – Мирзоев Ҳоким Мадалиевич, с/т 1975 ба беморхонаи шаҳри Жигулевск мунтақил шуда, дар шуъбаи эҳёгарии он қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.