Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз вилояти Суғд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз вилояти Суғд боздид намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ин ҷо ӯ як қатор иншооти нави мутааллиқ ба Вазоратро мавриди истифода қарор дода, дар ҷамъоварии ҳосил дар заминҳои ёрирасони Раёсати ВКД дар вилоят иштирок кард. Вазир ҳамчунин бо кормандони масъули мақомоти корҳои […]

Asia-Plus

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз вилояти Суғд боздид намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ин ҷо ӯ як қатор иншооти нави мутааллиқ ба Вазоратро мавриди истифода қарор дода, дар ҷамъоварии ҳосил дар заминҳои ёрирасони Раёсати ВКД дар вилоят иштирок кард.

Вазир ҳамчунин бо кормандони масъули мақомоти корҳои дохилии вилоят мулоқот карда, бо онҳо масоили омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018-ро баррасӣ кард.

Дар ҷараёни ин сафар Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба сохтмони бошишгоҳи муосир (казарма) барои кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия ҳусни оғоз бахшид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.