Fed Cup бори нахуст дар Душанбе бо иштироки теннисбозони 13 кишвар

Пойтахти Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ муобиқаи бонуфуз дар ҷаҳони теннис – Ҷоми Федератсия (Fed Cup)-ро қабул мекунад. Ин мусобиқаи бузургтарини теннис миёни занон дар ҳайати дастаҳо маҳсуб меёбад. Мусобиқа аз ҷониби Федератсияи байнулмилалии теннис созмон ёфта, монанди чемпионати ҷаҳон байни занон аст. Мусобиқаи ба ин монанди миёни мардон бо номи Ҷоми Дэвис маъруф […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Пойтахти Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ муобиқаи бонуфуз дар ҷаҳони теннис – Ҷоми Федератсия (Fed Cup)-ро қабул мекунад. Ин мусобиқаи бузургтарини теннис миёни занон дар ҳайати дастаҳо маҳсуб меёбад.

Мусобиқа аз ҷониби Федератсияи байнулмилалии теннис созмон ёфта, монанди чемпионати ҷаҳон байни занон аст. Мусобиқаи ба ин монанди миёни мардон бо номи Ҷоми Дэвис маъруф аст.

Дастаи мунтахаби мардонаи тенниси Тоҷикистон мунтазам дар мусобиқаҳои Ҷоми Дэвис ширкат меварзад. Мунтахаби занона танҳо як маротиба – соли 1998 дар мусобиқаи Ҷоми Федератсия иштирок кардааст.

Акнун баъди танафуси тӯлонӣ теннисбоззанони Тоҷикистон дар Чемпионати гурӯҳи II минтақаи “Осиё-Океания” дар пойтахти Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Мусобиқа аз 17 то 23 июл дар майдонҳои теннисти Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, дар он намояндагони 13 кишвари минтақа – Гонконг, Индонезия, Эрон, Қирғизистон, Малайзия, Зеландияи Нав, Покистон,  Сингапур, Туркманистон, Ӯзбекистон, Шри-Ланка рақобат мекунанд.

Ҳамчунин дар ин мусобиқа таҳти парчами ягона намояндагони кишварҳои хурди ҷазираҳои ин минтақа ширкат меварзанд. Ҳайати даста аз капитан (дар тенниси бузург мураббӣ капитан номида мешавад) ва 4 бозигар иборат аст.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон – Анастасия Турсунова (16-сола, Душанбе), Таҳминахон Бурҳонова  (23-сола, вилояти Суғд), Комила Муллоева (17-сола, Душанбе) ва Наргисахон Яҳёева (15-сола, Душанбе). Капитани даста – мураббӣ Мансур Яҳёев.

Анастасия Турсунова – теннисбоззани рақами 1-и Тоҷикистон, қаҳрамони амалкунандаи ҷумҳурӣ, ғолиби мусобиқаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон.

Тибқи барномаи мусобиқа, 13 дастаи гурӯҳи II минтақаи “Осиё-Океания” ба ду зергурӯҳ ҷудо шуда, ғолибони гурӯҳҳо ба сатҳи баландтари гурӯҳҳо роҳхат мегиранд ва минбаъд дар гурӯҳи бештар пурқуввати I қувваозмоӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.