Дар пайи сангреза автомашина ба соҳили дарёи Хингоб чаппа шуд

Date:

Бар асари резиши сангпораҳо аз кӯҳ дар километри 51-уми шоҳроҳи Лабиҷар – Сангвор – Дарвоз ронанда ва боз 2 нафар мусофирони  автомашина ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин ҳодиса ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, марди 24-солаи сокини ноҳияи Рӯшон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба соҳили дарёи Хингоб чаппа кардааст.

Гуфта мешавад, мутаассифона мусофирони дохили автомшина зани 22-солаи сокини ноҳияи Рӯшон ва зани 52-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Зикр мегардад, ки инчунин, зани 43-солаи сокини ноҳияи Дарвоз, зани 80-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва ноболиғон: духтарчаҳои 10 ва 11-солаи сокинони ноҳияи Дарвоз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...