Корҳои барқарорсозии қитъаи обшустаи роҳи Душанбе – Хоруғ

Date:

Дар қитъаи обшустаи роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ корҳои барқароркунӣ ҷараён доранд.

Дар ин мавзеъ бо ёрии низомиёни тоҷику рус дар қитъаи роҳи харобшудаи Ширговад корҳои анҷоми таркиш роҳандозӣ шуда, сарбанди дар ин ҷо бавуҷудомада бар асари фаромадани сел қисман кушода шуд ва имкон дод, ки сатҳи об коҳиш дода шуда, роҳи зериобмонда каме боз гардад.

Ба гуфтаи муовини аввали Ситоди ҲФ ва МГ ВМКБ Гулша Насиллобеков, корҳои барқароркунии рҳ идома дошта, ба ин корҳо сохтмончиёни Чин низ ҳамроҳ шудаанд. Мутахассисони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, коргарони корхонаи давлатии “Бадахшонроҳ” ва Вазорати нақлиёт низ дар ин кор саҳм мегузоранд.

Масъалаи ба макони амну бехавф кӯчонидани аҳолии аз офат осебдида мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, алҳол онҳо дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд. Сокинони осебдидаи деҳа бо маводи ғизойӣ ва дигар асбобу лавозимоти рӯзгор таъмин шудаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Навори видео аз ТВ Бадахшон

Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 8 июл дар наздикии деҳаи Хостави ноҳияи Дарвоз аз ҷониби Афғонистон ярч сарозер шуда, маҷрои дарёи Вахшро баст ва дар натиҷа об аз соҳил берун баромада, қисмате аз манзилҳо ва роҳи мошингард зери об монданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...