Пешгирии қочоқи миқдори зиёди диазепам аз Афғонистон

Date:

Кормандони Раёсати минтақавии Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон аз қочоқи маводи психотропӣ ва доруворӣ пешгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумрук, зимни азназаргузаронии автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён пинҳонгоҳе ошкор шудааст, ки дар он ронанда, сокини 33-солаи ноҳияи Вахш дорувориро ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид карданӣ будааст.

“Муайян гардид, ки шаҳрванд Т. И. дохили кабинаи воситаи наклиёт, дар кати хоби ронанда 3 халта маводи дорувории «Gelofusine» ба миқдори 186 дона, 300 қуттича ба миқдори умумии 7 ҳазору 500 ампула маводи дорувории «Diazepam injection 10mg/2 ml, 25x2ml», 7 қуттича ба миқдори 840 дона балзам «Clometasol 0.05%» – ро пинҳон намуда, мехост, бидуни назорати гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд”, – омадааст дар маълумоти Хадамоти гумрук.

Гуфта мешавад, тибқи хулосаи химиявию фармасевтии Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, маводҳои дорувории «Diazepam injection 10mg/2 ml,25x2ml», шомили гурӯҳи маводҳои психотропии дар тиб истифодашаванда буда, вазни холиси он 75 граммро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати шаҳрванд Т. И. бо моддаи 200 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун ирсол карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...