Рустами Эмомалӣ ба пуршукӯҳ ҷашн гирифтани Рӯзи истиқлолият дастур дод

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро тасдиқ кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, чорабинии асосии идона бахшида ба ҷашни Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон шоми рӯзи 9 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуривӣ доир мегардад ва дар он ба сокинону меҳмонони […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро тасдиқ кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, чорабинии асосии идона бахшида ба ҷашни Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон шоми рӯзи 9 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуривӣ доир мегардад ва дар он ба сокинону меҳмонони пойтахт намоиши театрикунинидашуда бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар пешкаш мегардад.

Гуфта мешавад, бо қарори раиси пойтахт чорабиниҳои идона бахшида ба ин ҷашн дар тамоми ноҳияҳои шаҳр ва боғҳои фароғату истироҳати пойтахт баргузор шуда, то фарорасии ҷашн дар қаламрави шаҳр даҳҳо иншооти нави таъиноти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Қобили зикр аст, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузории гузашти низомӣ дар назар нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.