Ҳалокати як мард дар Шаҳритӯс баъди боздошти кормандони милитсия

Сокини ноҳияи Шаҳритӯс Толибҷон Дӯстови 50-ола дарҳол баъди боздошт аз ҷониби корманони милитсия ҳалок шуд. Тибқи фарзияи расмӣ, мард аз бемории сактаи қалб аз олам даргузаштааст, вале хешовандони марҳум исрор меварзанд, ки ӯ бар асари зӯроварӣ ба ҳалокат расидааст. Толибҷон Дӯстов рӯзи 26 июл дар яке аз қаҳвахонаҳои маркази ноҳияи Шаҳритӯс боздошт ва баъди гузашти […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Сокини ноҳияи Шаҳритӯс Толибҷон Дӯстови 50-ола дарҳол баъди боздошт аз ҷониби корманони милитсия ҳалок шуд. Тибқи фарзияи расмӣ, мард аз бемории сактаи қалб аз олам даргузаштааст, вале хешовандони марҳум исрор меварзанд, ки ӯ бар асари зӯроварӣ ба ҳалокат расидааст.

Толибҷон Дӯстов рӯзи 26 июл дар яке аз қаҳвахонаҳои маркази ноҳияи Шаҳритӯс боздошт ва баъди гузашти чанд соат пайвандону наздикон дар бемористони ноҳияи Қабодиён ҷасади ӯро дарёфт кардаанд.

Ба гуфтаи Меҳрӣ Давлатова, модари марҳум, як рӯз пеш аз боздошт ӯ 50-солагиашро ҷашн гирифта, дар бораи боздошти писараш ба ӯ дӯсташ хабар додааст.

“Ӯ ба ман занг зада, изҳор дошт, ки вақте дар қаҳвахона менишастаанд, кормандони милитсия омада, Толибҷонро бо худ мебаранд. Мо дарҳол ба ШВКД ноҳияи Шаҳритӯс ва Қубодиён муроҷиат кардем, вале ӯро дар он ҷо дарёфт карда натавонистем. Баъдан ба мо хабар доданд, ки писаратон дар беморхонаи ноҳияи Қубодиён аст. Вақте ман он ҷо омадам, писрам аллакай мурда буд. Ҳамчунин ба мо хабар доданд, ки ӯро кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ боздошт кардаанд”, – гуфт Меҳрӣ Давлатова.

Ӯ мутмаин аст, ки марги писараш дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии кормандони милитсия сурат гирифта, “мо чунин фикр мекунем, ки дар роҳ ӯро лату кӯб кардаанд ва ҳангоме ки ба бемористони Қубодиён меоранд, ӯ аллакай мурдагӣ буд”.

Аз рӯи ин далел прокуратураи ноҳияи Қубодиён санҷиш оғоз кардааст. Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Толибҷон Дӯстови 50-сола ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар аз ҷониби 3 корманди шуъбаи дахлдори ВКД ноҳияи Дӯстӣ дастгир шудааст.

“Дар роҳ ба шуъбаи ВКД бемории сактаи қалби боздоштшуда хурӯҷ карда, дар натиҷаи он ӯ аз олам даргузашт, вале сабаби асосии марг танҳо баъди дастрасии хулосаи расмии ташхиси судиву тиббӣ маълум мешавад”, – иброз дошт манбаъ.

Сарчашмаи хабар бар ин назар аст, ки ба гумони ғолиб парвандаи мазкур ҷиҳати баррасии минбаъда ба прокуратураи вилояти Хатлон дода хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.