Ҳукумати Тоҷикистон дар номаи расмии худ ба унвони ҳукумати Ӯзбекистон пешниҳод кардааст, ки нахустин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз 11 то 14 октябр дар шаҳри Тошканд баргузор карда шавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, намоишгоҳ дар маркази ташкили намоишгоҳҳои «Узэкспоцентр» доир гардида, дар ин чорабинӣ ба маърази тамошо гузоштани маҳсулоти 64 ширкати тоҷикистонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар рӯйхати молҳои содиротии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати саноат таҳия гардидааст, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти саноати кӯҳкорӣ, саноати мошинсозӣ ва коркарди металлҳо ва саноати сабук зикр шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки охири соли гузашта дар Душанбе доир гардид, дар бораи баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ ва ҳамоишҳои соҳибкорони ҳарду кишвар дар пойтахтҳои давлатҳо тавофуқ ҳосил шуд.
Нимаи моҳи апрели соли равон дар Душанбе нахустин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон доир гардида, дар чорабинии чоррӯза беш аз 160 ширкати кишвари ҳамсоя зиёда аз 1,5 ҳазор номгӯи маҳсулоти худро пешкаш карданд.
Аз рӯи натиҷаҳои ин чорабинӣ ва ҳамоиши соҳибкорони ҳарду кишвар ба маблағи умумии беш аз 35 млн. доллар қариб бист санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


