Задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Охири ҳафтаи гузашта дар сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ду задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. Тавре аз маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар доданд, задухӯрди аввал дар яке аз минтақаи муҳофизатии  дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Панҷ» рух дода, як гурӯҳи қочоқбарон ба гузаштани марз аз ҷониби Афғонистон талош мекунанд. «Дар натиҷа байни хизматчиёни […]

Asia-Plus

Охири ҳафтаи гузашта дар сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ду задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.

Тавре аз маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар доданд, задухӯрди аввал дар яке аз минтақаи муҳофизатии  дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Панҷ» рух дода, як гурӯҳи қочоқбарон ба гузаштани марз аз ҷониби Афғонистон талош мекунанд.

«Дар натиҷа байни хизматчиёни ҳарбӣ ва қочоқбарони номаълуми афғон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омада, як нафар қочоқбар безарар гардонида шуд ва боқимонда қоҷоқбарон ба муқовимати сарҳадбонон тоб оварда натавониста, ба соҳили кишвари ҳамсоя баргаштанд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар ҷои ҳодиса тақрибан 50 кг маводи мухаддири ҳашиш, 1 адад яроқи оташфишони АКМ-47, 5 адад тирдон, 81 дона тир, 2 адад норинҷаки дасти Ф-1 ва 1 адад телефони мобилии Самсунг дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, задухӯрди мусаллаҳонаи дигар дар минтақаи зертобеъи отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ба вуқӯъ пайваста, марзбонон ва кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар бо қочоқбарони номаълуми афғон рӯ ба рӯ шуда, тирпарронӣ ба вуқӯъ меояд, ки дар натиҷа як нафар қочоқбар безарар гардонида шуда, боқимонда қочоқбарон бо истифода аз торикии шаб ба Афғонистон паноҳ мебаранд.

Зикр мегардад, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, тақрибан 13 кг маводи мухаддири навъи афъюн, 1 кг бангдона, 1 адад яроқи оташфишони АКМ-7,62, 5 адад тирдон, 132 дона тир, 1 адад ГП-25 (подствольник) бо 3 дона тирҳояш дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.