Аз садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 6 кас ҳалок шуд

Date:

Дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, дар қаламрави ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан рӯзи 20 сентябр садамаи нақлиёт рух дод, ки ҷони 6 касро рабуд.

Бино ба иттилои дафтари марбути ВКД Тоҷикистон, автомашинаи тамғаи «Опел», таҳти идораи сокини 27-солаи шаҳри Душанбе Наимҷон Юсуфов бо суръати баланд ба автомашинаи тамғаи «Либеро», таҳти идораи сокини 29-солаи шаҳри Хуҷанд бармехӯрад.

Гуфта мешавад, ин замон ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанган», сокини 50-солаи ноҳияи Фархор барои аз бархӯрд ба ин автомашинаҳои канор гирифтани воситаи нақлиёташ, дар паҳлӯи роҳ хараробаро пахш мекунад, ки сокини 28-солаи маҳаллӣ Фахриддин Усмонов дар ҷойи ҳодиса дар он ба ҳалокат мерасад.

Зимнан зикр мегардад, ки бар асари ин ҳодиса ронадагони автомашинаҳои «Опел» ва «Либеро», ҳамчунин се нафар мусофирони онҳо ҳалок ва боқимонда ҷароҳатбардоштагон дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...