Озодии журналисти ӯзбек Солиҷон Абдураҳмонов баъди 9 соли зиндон

Date:

Рӯзноманигори ӯзбек Солиҷон Абдураҳмонов баъди солҳои тӯлонӣ аз зиндон раҳо шуд

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомоти Ӯзбекистонрӯзи  4 октябр рӯзноманигори мустақил Солиҷон Абдураҳмоновро аз зиндон озод карданд. Вай беш аз 9 сол зиндонӣ буд. Рӯзноманигорро ҳангоми озод шудан аз зиндони шаҳри Қаршӣ намояндаи созмони ҳомии ҳуқуқи "Эзгулик" Абдураҳмон Ташанов пешвоз гирифт.

Гуфта мешавад, Солиҷон Абдураҳмонови 67-сола соли 2008 бо айби истифодаи маводи мухаддир 10 сол зиндонӣ шуд. Вай яке аз рӯзноманигорони ангуштшумор аст, ки дар Қарақалпоқистон фаъолият кардааст.

Ҳалима Бухорбоева, сармуҳаррири пешини нашрияи интернетии Uznews.net, ки чандин сол бо Абдураҳмонов ҳамкорӣ дошт, аз озодии ӯ изҳори хушнудӣ мекунад. Бухорбоева бовар дорад, ки Абдураҳмонов дар пайи иваз шудани ҳукумат ба озодӣ баромадааст.

Тобистони соли 2008 дар мошини Абдураҳмонов маводи мухаддир ёфт шуд. Ӯро дар истифодаи маводи мухаддир айбдор карданд. Аммо баъди натиҷаҳои ташхис, ки ин айбҳоро рад мекард, ӯро дар хариду фурӯши мухаддирот муттаҳам карданд.

Ҳамаи ин солҳо Солиҷон Абдураҳмонов айбҳои эълоншударо рад мекард. Рӯзноманигор бовар дорад, ки маводи мухаддирро кормандони пулис дар мошини вай ҷой кардаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...