Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байнулмилалии силсилаи Гран-прии Тошканд оид ба дзюдо ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид. Ин мусобиқа бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми умумии 100 ҳазор доллар рӯзҳои 6-8 октябр дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, то вохӯрии финалӣ Комроншоҳ дар қувваозмоиҳо бар варзишгарони ӯзбек Достон Маллаев ва Дониёр Имомов дар вазни то 90 кило ғолиб омад.
Дар қувваозмоии финалӣ низ гуштигири тоҷик боз як нафар аз намояндагони кишвари мизбон – Дилшод Чориевро мағлуб кард. Ба ҷуз медали тилло, ба Комроншоҳи Устопириён боз 3 ҳазор доллар мукофотпулӣ инъом шуд.
Қобили зикр аст, ки ба ғайр аз Комроншоҳи Устопириён дар ин мусобиқа боз 8 гуштигири тоҷик низ ширкат варзида, вале аз медалҳо бенасиб монданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


