Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ду вакили пешини маҷлиси шаҳри Истиқлол (Табошари пештара) ва як шарики онҳоро бо айби "қаллобӣ" ва "додани пора" равонаи зиндон кард.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Саодат Шарифзода ва Равшан Ҳасанов, ду вакили маҷлиси шаҳри Истиқлол мутобиқи ду банди Кодекси ҷиноӣ – "қаллобӣ" ва "додани пора", мутаносибан ба 9 ва 5,6 солӣ маҳкум шуданд. Ин масъулон дар муомилоти ғайриқонунӣ бо иншооти давлатӣ гунаҳгор дониста шуданд.
Додгоҳ Акбар Исмоилов, ронандаи пешини Шарифзодаро борои "қаллобӣ" гунаҳкор донист ва барои 8 сол аз озодӣ маҳрум кард. Акбар Исмоилов ҳамзамон муваззаф шуд, ки маблағи 85 ҳазор долларро ба давлат бозгардонад. Айбдоршавандаҳо тақрибан 4 моҳи пеш аз тарафи маъмурони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастгир шуда, дар ҳабс қарор доштанд.
Акмал Савридинзода, додраси додгоҳи Хуҷанд ва масъули баррасии парванда гуфт, ки айбҳои ин афрод бо далелҳо исбот гардид ва додгоҳ онҳоро гунаҳкор медонад. Ба гуфтаи додгоҳ, ин афрод соли 2013 бо ваъдаи ба номи ду сокин хусусӣ гардонидани ду иншооти давлатӣ — кӯдакистон ва лагери бачагона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ба ҳайси миёнарав ҳудуди 200 ҳазор доллари онҳоро гирифта, вале ваъдаи худро иҷро накардаанд.
Дар пай сокинони фиребхӯрда ба Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд шикоят бурданд. Шарифзода ва Ҳасанов зимни додани пора ба хотири пӯшонидани амали худ ба масъулони оҷонсии мазкур моҳи июл дастгир мешаванд. Тафтиши аввалияи парвандаро муфаттишони ин ниҳод анҷом додаанд.
Акбар Исмоилов пеш аз шурӯи додгоҳ гуфт, ӯ ба қаллобӣ даст назадааст ва воқеан ҳудуди 200 ҳазор доллар маблағи сокинонро гирифта, ду иншооти давлатиро харидорӣ кард ва ба номи ӯ хусусӣ шуданд. “Вале ҳанӯз мақомот инро тасдиқ (расмӣ) накарда буданд, ки онҳоро (Шарифзода ва Ҳасанов)-ро дастгир ва сару сомони корро гум карданд”, – гуфтааст вай.


