Шавкат Мирзиёев: Бояд ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳи зиёд ҷалб шавад

Ӯзбекистон пешниҳод кард, Эътилофи роҳбарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис шавад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон, президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев дар ин бора дар конфронси "Осиёи Марказӣ: як гузашта ва ояндаи умумӣ, ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор ва шукуфоии муштарак", ки имрӯз дар Самарқанд кушода […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ӯзбекистон пешниҳод кард, Эътилофи роҳбарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис шавад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон, президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев дар ин бора дар конфронси "Осиёи Марказӣ: як гузашта ва ояндаи умумӣ, ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор ва шукуфоии муштарак", ки имрӯз дар Самарқанд кушода шуд, изҳори назар кардааст.

"Имрӯз бояд ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳи зиёд ҷалб шавад. Дар ин робита, пешниҳод мекунам, ки Эътилофи роҳбарон, яъне раҳбарони минтақа ва доираҳои тиҷории кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис шавад. Вақте мо бо минтақаҳо, бо роҳбарони онҳо ва доираҳои тиҷоратӣ гуфтугӯи мустақим баргузор мекунем, натиҷаовар хоҳад буд. Вақте мо на танҳо ба онҳо кумак, балки халал ҳам намерасонем – натиҷа чашмрас мешавад", – гуфтааст вай.

Ба гуфтаи Мирзиёев, ин механизм бахши саноат, иқтидори зеҳнӣ ва сармоягузории минтақаро фаро гирифта, боиси рушди тамоми Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Ба ҷуз ин, Мирзиёев гуфт, аз ибтидои сол гардиши мол миёни Ӯзбекистон ва кишварҳои минтақа ба ҳисоби миёни 20 дарсад бештар шудааст. Дар ҳамин ҳол, бино бар баҳогузории коршиносони СММ, ҳамкории самарабахши кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад дар 10 сол Маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақаро ҳадди ақал 2 баробар бештар кунад.

Дар нишасти Самарқанд вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақа, роҳбарони созмонҳои бонуфуз, амсоли СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА, СҲШ, ИДМ, намояндагони сафоратхонаҳо, коршиносони машҳур, рӯзноманигорон – дар маҷмуъ бештар аз 500 нафар ширкат мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио