Имкони яке аз саҳҳомони нерӯгоҳи Қамбарота-1 шудани Ӯзбекистон

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ӯзбекистон имкони ҳамкорӣ дар сохтмони нерӯгоҳи "Қамбарота-1"-ро баррасӣ мекунад. Дар ин бора дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон рӯзи 23 ноябр сарвазири он кишвар Сафар Исҳоқов хабар додааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи вай, президенти ҳамакнун пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев масъалаи ҳамкорӣ дар сохтмони Қамбарота-1-ро баррасӣ ва дар бораи сохтмони муштарак ба созиш расиданд.

"То он замон онҳо мухолифи сохтмони "Қамбарота-1" буданд. Акнун пуштибонӣ мекунанд. Ба ҷуз ин Ӯзбекистон мегӯяд, "метавонад ҳамчун яке аз саҳҳомони ин нерӯгоҳ нақш бозад". Мо бояд нерӯгоҳи мазкурро бо талошҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя бисозем", – гуфт Сафар Исҳоқов.

Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота-1 дар дарёи Норин чанд сол аст, ки хобидааст. Сохтмони нерӯгоҳ бо иқтидори 1860 мегаватт охири солҳои 1980 ба нақша гирифта шуда буд.

Бори охир ҳукумати Қирғизистон бо Русия дар бораи сохтмони нерӯгоҳи "Қамбарота-1" соли 2012 созиш кард. Аммо соли 2016 Қирғизистон ин созишномаро якҷониба бекор кард. Ислом Каримов, президенти пешини Ӯзбекистон зидди сохтмони мазкур буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...