Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон» қабул кард, ки дар онҳо ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ба манзил ва таҳсили бепул саҳеҳан муайян карда шудааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони кишвар дар ин робита хабар дод, имрӯз дар мактабҳои миёна 42 ҳазору 304 нафар ятимон таҳсил намуда, 1 ҳазору 821 нафар чунин кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ба тарбия фаро гирифта шудаанд ва боз 154 нафар кӯдакон дар интернатҳо зиндагӣ мекунанд.
Аз шумори умумии дар боло зикршуда 2 ҳазору 162 нафар кӯдакон ятими кулл (бе падару модар) буда, боз 476 нафари дигар бесаробон мондаанд.
Маҳз ҳамин кӯдакон, ки шумори умумиашон 2 ҳазору 638 нафарро ташкил медиҳад, мувофиқи тағйироту иловаи қабулшуда, ба гирифтани манзил аз давлат ва таҳсили бепул ҳуқуқ доранд.
Ғайр аз ин, онҳо ба истифодаи бепул аз нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳрҳо ва музофоти гирду атрофи шаҳрҳои ҷумҳурӣ низ ҳуқуқ пайдо карданд.
Кӯдаконе, ки яке аз волидонашон дар ҳаётанд, аз ин ба баъд чунин ҳуқуқҳояшонро аз даст медиҳанд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ


