Имзои беш аз 40 қарордоди содиротӣ миёни Ӯзбекистону Афғонистон

Date:

Зимни сафари расмии президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Ӯзбекистон миёни кишварҳо 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои CA-News, байни давлатҳо санадҳои таъсиси комиссияи муштарак оид ба масоили амният, мусоидати ҳуқуқӣ ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ, сохтмони хати интиқоли барқи «Сурхон – Пули Хумрӣ» ва роҳи оҳани «Мазори Шариф – Шибирғон – Маймана – Ҳирот», ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли бору маҳсулот ва бахши гумрук ба тасвиб расиданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар ҳамчунин миёни кишварҳо ба маблағи зиёда аз 500 млн. доллар беш аз 40 қарордоди содиротӣ низ ба имзо расида, мутобиқи он Ӯзбекистон ба Афғонистон нерӯи барқ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дорусозӣ, масолеҳи сохтмон, воситаҳои нақлиёт ва ғайра содирот мекунад.

Дар мулоқот бо намояндагони ВАО таъкид шуд, ки санадҳои баимзорасида ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо миёни кишварҳо мусоидат хоҳанд кард. Сафари президенти Афғонистон ба Ӯзбекистон идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...