Ҷамъоварии беш аз 180 ҳазор тонна мева дар Тоҷикистон

Date:

Соли равон дар Тоҷикистон наздик ба 183 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба соли гузашта 21,3 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти пешакии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то санаи 18 декабр дар вилояти Суғд – 83 ҳазору 622 тонна, Хатлон – 68 ҳазору 56 тонна, ноҳияҳои тобеи марказ – 22 ҳазору 623 тонна ва ВМКБ – 8 ҳазору 542 тонна ҳосил мева ҷамъоварӣ шудааст.

Дар Вазорат ҳосили хуби имсолаи ангурро қайд мекунанд: соли равон дар саросари кишвар наздики 114 ҳазор тонна ҳосили ангур гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,6 ҳазор тонна бештар мебошад.

Бо вуҷуди афзудани ҷамъоварии ҳосили ангур дар соли равон ба андозаи беш аз 20 фоиз, арзиши он дар бозори дохилӣ қариб дар як сатҳ бо соли гузашта – аз 4 то 12 сомонӣ барои 1 кило боқӣ мемонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...