Интернети Ӯзбекистон босуръату арзон мешавад

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар як ҷаласа бо сарвазиру муовинонаш, роҳбарони вазоратҳо ва ниҳодҳои марбута ба мақомоти дахлдори кишвараш дастур дод, ки Интернетро арзон ва босуръаттар кунанд. "Ба ман хабар расид, ки дар кишвари мо 20 миллион одам аз Интернет истифода мебарад. Аммо ба далели маҳдуд будани хизматрасониҳо дар ширкатҳои миллии интернетӣ аксари сокинон танҳо […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар як ҷаласа бо сарвазиру муовинонаш, роҳбарони вазоратҳо ва ниҳодҳои марбута ба мақомоти дахлдори кишвараш дастур дод, ки Интернетро арзон ва босуръаттар кунанд.

"Ба ман хабар расид, ки дар кишвари мо 20 миллион одам аз Интернет истифода мебарад. Аммо ба далели маҳдуд будани хизматрасониҳо дар ширкатҳои миллии интернетӣ аксари сокинон танҳо ба муколама дар шабакаи иҷтимоии "Телеграм" машғул ҳастанд", – гуфтааст Мирзиёев.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ҷаласаи мазкур гуфта шудааст, ки дар кишварҳои ИДМ суръати миёнаи интернет нисбати Ӯзбекистон 10 баробар болотар аст.

ПРезиденти Ӯзбекистон ба масъулони ҳукуматаш супориш додааст, ки арзиши Интернет кам, суръат ҳадди ақал 4 баробар баланд ва то соли 2020 ба сатҳи кишварҳои ИДМ расонида шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат