Масъулияти кормандони милитсияи пойтахт ба пешгирии муноқишаҳо дар мактабҳо

Date:

Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо мақсади пешгирӣ намудани содиршавии муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон, махсусан авбошиҳои гурӯҳӣ бо истифода аз силоҳи сард ва муайяннамоии сабабу шароитҳои ба ҷинояткорӣ мусоидкунанда дар бораи вобастанамоии кормандони милитсия ба муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе фармон ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти РВКД Душанбе, ташаббуси мазкур иқдоми навбатии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳолатҳои бо мошинҳои шахсӣ, телефонҳои мобилӣ ва бо сару либоси ғайритавсиявӣ ҳозир шудани хонандагону донишҷуён ва ташкили назорати доимӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Гуфта мешавад, мувофиқи ин фармон ҳар як корманди ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи Дастгоҳи марказии Раёсат ва Шуъбаҳои Вазорат дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва олии дар ҳудуди пойтахт ҷойгирбуда вобаста карда шуданд.

«Кормандоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ,  миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе вобаста гардиданд,  робитаю ҳамкории зичро бо маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мемонанд», – омадааст дар маълумот.

Зикр мегардад, ки илова бар ин барои пешгирии муноқишаю авбошиҳои гурӯҳӣ кормандони ба муассисаҳои таълимӣ вобасташуда шахсан масъул буда, дар сурати рух додани чунин ҳодисаҳои номатлуб нисбати кормандони вобастагардида санҷишҳои хизматӣ гузаронида шуда, ҷазоҳои сахти интизомӣ татбиқ карда мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...