Минску Душанбе масоили ҳамкориҳои низомиро баррасӣ карданд

Сафири Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо вазири мудофиаи Беларус, генерал-лейтенант Андрей Равков дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, сафир дар оғози суҳбат вазири мудофиа ва тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳии и Беларусро бо 100-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар табрик намуд. Гуфта мешавад, зимни мулоқот, ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои ҳарбӣ […]

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо вазири мудофиаи Беларус, генерал-лейтенант Андрей Равков дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, сафир дар оғози суҳбат вазири мудофиа ва тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳии и Беларусро бо 100-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар табрик намуд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот, ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Беларусро муҳокима намуда, оид ба масъалаҳои марбут ба табодули сафарҳои дуҷониба, омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштарак, такмили заминаи ҳуқуқӣ, ҳамкориҳо судманд миёни вазоратҳои мудофиаи ду кишвар, аз ҷумла дар доираи ИДМ, СААД ва дигар сохторҳои ҳамгирои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо қайд карданд, ки ҳамкориҳои ҳарбӣ қисми ҷудонашавандаи шарикии стратегии кишварҳо мебошад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ҳамкориҳо байни ниҳодҳои мудофиаи Тоҷикистону Беларус аз охири асри гузашта ҳам дар шакли дуҷонибаву ҳам дар доираи ИДМ ва СААД ба роҳ монда шудааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, воҳидҳои мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон соли 2001 дар машқҳои зиддиҳавоӣ дар сарҳадҳои ғарбии Бералус иштирок карда буданд.

Сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Беларус дар ҳамаи машқҳои зиддитерористии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон фаъолона иштирок доштанд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки Беларус чандин маротиба ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз лиҳози моливу техникӣ кумак кардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.