Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ҷашни 30-солагии Истиқлолият таҳти раёсати президент

Date:

Дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукоти ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои кумитаи тадорукот ҷаласа баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки истиқлолият яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик мебошад, аз ин ру баҳри гиромидошти муқаддасоти сарзамини аҷдодӣ ва таҷлили бошукуҳи он бояд тадбирҳои мушаххас амалӣ гардад.

Ҳамин тавр бо мақсади дар сатҳи баланд омодагӣ гирифтан ин ҷашн, тарғиби васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибватанию соҳибдавлатӣ ва арзишҳои неки миллӣ Кумитаи тадорукоти ҷашн қарор кард, ки роҳбарони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ба ҷашн ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Инчунин қарор карда шуд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар муҳлати ду моҳ нақшаи чорабиниҳои мазкурро таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ёдрас мешавад, ки аз 19 декабри соли 2017 таҳти рақами 968 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид, ки тибқи он соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардад.

Рӯзи Истиқлолият ҷашни давлатии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола санаи 9 сентябр таҷлил мегардад.

Санаи 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати 12-ум дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Изҳорот қабул шуда, он ба қабули қарори Шӯрои Олӣ «Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асос дониста шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...