Ҷинояткори таҳти пайгард қарордоштаро Тошканд ба Душанбе дод

Дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилаи сатҳи баланди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, рӯзи 26-юми феврали соли 2018, шаҳрванд Воҳидов Ҳомид Ҷӯрақулович, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Ҳисор, ки дар кофтукови байналмиллалӣ қарор дошт ба Тоҷикистон баргардонида шуд Бино ба иттилои дафтари матбуоти […]

Asia-Plus

Дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилаи сатҳи баланди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, рӯзи 26-юми феврали соли 2018, шаҳрванд Воҳидов Ҳомид Ҷӯрақулович, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Ҳисор, ки дар кофтукови байналмиллалӣ қарор дошт ба Тоҷикистон баргардонида шуд

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ қаблан бо моддаи 273 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда маҳкум шудааст.

 Зикр мегардад, ки Ҳомид Воҳидов аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Тошканд дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, дар асоси Шартномаи «Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводҳои мухаддир, психотропӣ ва прекурсорҳои он» аз 25.05.с.1999 ҳамкориҳоро вусъат дода, сохторҳои марбутаи ин ду кишвар мубодилаи ахборотҳои моҳияти хизматӣ доштаро тақвият дода истодаанд.

Қобили зикр аст, ки кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта дар қаламрави кишвар аз 36 амали террористӣ пешгирӣ намуданд.

Зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба журналистон иттилоъ дод, ки ба туфайли маълумоти аз ҷониби ВКД Тоҷикистон пешниҳодшуда ба ҳамтоҳои хориҷии худ, дар як қатор кишварҳо низ амалҳои террористӣ пешгирӣ шуд.

«Дар қаламрави Русия бо кумаки Тоҷикистон 5 амали террористӣ, Чин – 1, Ӯзбекистон – 2 Украина – 1 ва Қазоқистон – 1 амали террористӣ пешгирӣ шуд», – қайд карда буд вазир.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.