Терминали нави фурудгоҳи пойтахт моҳи июн ба кор медарояд

Мавриди истифода қарор гирифтани терминали нави боркашонии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) моҳи июни соли равон ба нақша гирифта шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ФБД, директори генералии Департаменти ҳамкории молиявӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои грантии дафтари маркази JICA Эйчиро Чо зимни сафари корӣ ба Тоҷикистон ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ташриф оварда, аз рафти корҳои сохтмонии терминали […]

Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

Мавриди истифода қарор гирифтани терминали нави боркашонии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) моҳи июни соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ФБД, директори генералии Департаменти ҳамкории молиявӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои грантии дафтари маркази JICA Эйчиро Чо зимни сафари корӣ ба Тоҷикистон ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ташриф оварда, аз рафти корҳои сохтмонии терминали боркашонӣ ва имкониятҳои имрӯзаи Фурудгоҳ аз наздик ошно ва аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Терминали боркашонӣ қаноатмандӣ изҳор намуд.

Гуфта мешавад, сохтмони терминал ба ду қисм ҷудо шуда, қисми якум – сохтмони терминали боркашонӣ ва қисми дуюм – барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи он аст.

Қайд мешавад, ки миёни ҳукумати ҶТ Тоҷикистон ва JICA вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» созишномаи грантӣ баста шуд, ки тибқи он Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе, харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва таҷҳизоти коркарди борҳо барои терминали боркашонӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 1 млрд. 914 млн. иенаи японӣ, тақрибан 17,5 млн. доллари ИМА, грант ҷудо намуд.

Дар натиҷаи тендери байналмилалӣ таҷҳизотҳои дар боло зикршуда харидорӣ гардида, ба Тоҷикистон аз Норвегия, Белгия, Олмон ва Ҷопон ворид карда шуданд. Дар моҳи марти соли 2017 системаҳои мазкур дар фурудгоҳи Душанбе насб гардида, баъди санҷиш ба кор дароварда шуданд.

Татбиқи мархилаи аввали сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе 20 феврали соли 2017 оғоз гардида, бар асоси созишнома моҳи майи ҳамин сол баимзорасида байни Ҳукумати ҶТ ва JICA, ҳукумати Ҷопон барои анҷом додани сохтмони қисми дуюми терминали боркашонӣ 356,0 млн. йен ё 3,2 млн. доллари ИМА ҷудо кард.

Зикр мегардад, ки моҳи июли соли 2017 миёни ФБД ва ширкати ДАИ Ниппон Констракшин барои амалисозии қисми дуюми сохтмони терминали боркашонӣ- барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи терминал қарордод ба имзо расид. Сохтмони қисми дуюми терминали боркашонии фурудгоҳ моҳи декабри соли 2017 оғоз ёфт. Тибқи нақша Терминал боркашонӣ моҳи июни соли 2018 ба истифода дода хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.