Қазоқистон тарафдори ҳарчи бештар захираи об дар обанбори Қайроққум аст

Қазоқистон дар як созишнома ба Тоҷикистон эълон кардааст, ки тарафдори ҳарчи бештар захира шудани об дар обанбори Қайроққум аст. Ин кишвар мехоҳад, дар гармои тобистон аз ин захираи об дар шимоли кишвар истифода кунад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, феълан идораҳои давлатии Тоҷикистон созишномаи пешниҳодии Остонаро ба баррасӣ гирифтаанд ва ин мавзӯъ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Қазоқистон дар як созишнома ба Тоҷикистон эълон кардааст, ки тарафдори ҳарчи бештар захира шудани об дар обанбори Қайроққум аст. Ин кишвар мехоҳад, дар гармои тобистон аз ин захираи об дар шимоли кишвар истифода кунад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, феълан идораҳои давлатии Тоҷикистон созишномаи пешниҳодии Остонаро ба баррасӣ гирифтаанд ва ин мавзӯъ дар ҷаласаи рӯзи 4-уми апрел дар порлумон ҳам садо дод.

Султон Раҳимзода, муовини аввали вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки мақомоти Қазоқистон дар созишнома асосан "истифодаи самарбахш аз захираҳои обии "Баҳри тоҷик"-ро пешниҳод кардаанд. Ӯ гуфт, айни чунин алоқамандиро Ӯзбекистон ҳам нишон додааст.

"Аммо ин ба маънои фурӯши об аз тарафи Тоҷикистон нест. Танҳо дар иваз Қазоқистону Узбекистон ба Тоҷикистон кумак хоҳанд кард, то дар обанбори Қайроққум миқдори бештари об барои фасли тобистон захира шавад. Ин кор, албатта, маблағ металабад ва Тошканду Остона омода ҳастанд, пули масрафшуда барои ҷамъоварӣ ва нигаҳдории об дар “Баҳри тоҷик”-ро ба Тоҷикистон ҷуброн кунанд”, – шарҳ дод ӯ.

Муовини аввали вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ҳамасола дар сурати рух додани офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел дар кишвар, ҳам Қазоқистон ва ҳам Ӯзбекистон кумаки башардӯстона мефиристанд.

“Хуб мешуд, ки маблағи ин кумакҳоро то вуқӯи сел ба Тоҷикистон бидиҳанд, то тавонем бо истифода аз онҳо ҷӯйборҳову каналҳои обгузари худро тармим кунем. Шароити ҷамъоварии об дар обанборҳои бузурги кишварро танзим созем. Дар ниҳоят, оби ҷамъшуда, аз ҷумла аз обанбори нерӯгоҳи Қайроққум ва дигар обанборҳои Тоҷикистон барои обёрии заминҳои кишоварзии кишварҳои поёноби минтақа истифода мешавад", – гуфт Султон Раҳимзода.

Зимнан, то соли 2008 Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар мавриди танзими сатҳи оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ ҳамкорӣ мекарданд. Ин ду кишвар бо маблағ ва мутахассисон барои нигаҳдории оби рӯдхонаҳои Сирдарё ва Амударё ба Тоҷикистон ёрӣ мекарданд.

Аммо дар замони раҳбарии Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Ӯзбекистон, дар пайи ихтилофҳои ду кишвар бар сари мансубияти обанбори Фарҳод дар рӯдхонаи Сир ин ҳамкориҳо мутаввақиф шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио