Оғози Барномаи минтақавии рушди соҳибкории хурди БАТР ва ИА дар Тоҷикистон

Date:

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба амалисозии Барномаи нави минтақавӣ оид ба рушди соҳибкории хурд (БМСХ) оғоз бахшида шуд, ки акнун соҳибкорони хусусии микро ва хурду миёна дар метавонанд аз баҳра баранд.  

Мақсади Лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ гардида аз тарафи Бонки Аврупо оид ба таҷдид ва рушд (БАТР) пеш бурда мешавад, аз ҷорӣ намудани таҷрибаи амалӣ (ноу-хау) дар маблағгузории соҳибкории микро, хурд ва миёна (СМХМ)  дар минтақаи Осиёи Марказӣ иборат аст.

Чорабинии ифтитоҳи лоиҳа дар шаҳри Душанбе аз ҷониби БАТР ва Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ ташкил карда шуда, дар он намояндагони воломақоми ИА, БАТР, созмонҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои молиявии маҳаллӣ иштирок намуданд.

Барнома ба ташкилотҳои молиявие, ки сохтори хусусиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунанд, платформае оид ба мубодилаи донишу таҷриба пешниҳод карда, инчунин ба ташкилотҳои молиявии миёнарав ҷиҳати дастрасии мунтазам ба таҷрибаи БАТР дар соҳаи мазкур тавассути воситаҳои рақамӣ кӯмак хоҳад намуд.

Мақсади ниҳоии барнома аз табдил додани платформаи рақамӣ ба системаи омӯзишии реҷаи онлайни барои ташкилотҳои молиявии Осиёи Марказӣ ба таври васеъ дастрас иборат аст. Зиёда аз ин, ташкилотҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курсҳои омӯзишии мунтазам дар мавзӯҳои гуногуни вобаста ба пешниҳоди хизматрасониҳо ба СМХМ иштирок хоҳанд намуд.

БМСХ аз ҷониби ширкати машваратии олмонии IPC (Internationale Projekt Consult GmbH), ки дар амалисозии чунин ташаббусҳо дар минтақа таҷрибаи собитшуда дорад, амалӣ карда мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...