Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маҷмааи тиббӣ тақдим мекунад

Date:

Ӯзбекистон дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон маҷмааи тиббӣ барои 22 кати хоб сохта, онро ройгон ба моликияти ҷумҳурӣ месупорад.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон маъқул шуморида шудани Созишнома дар бораи сохтмони маҷмааи тиббӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон дастур дода шудааст.

«Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расонида, дар сурати зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои дорои хусусити ҷузъӣ ворид кунад», – қайд мешавад дар санади ҳукумат.

Дар лоиҳаи созишнома гуфта мешавад, маҷмааи тиббӣ дар Хатлон аз ҳисоби воситаҳои ҷониби Ӯзбекистон сохта шуда, ройгон ба молиякияти Тоҷикистон дода мешавад.

Барои амалисозии бандҳои санад ҷониби Тоҷикистон қитъаи замини коршояму мувофиқро барои сохтмони иншоот ҷудо мекунад.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон уҳдадор мешавад, ки «бо дархости Ӯзбекистон дар давраи сохтмони Иншоот оид ба масъалаҳои ҷалби коргарон барои анҷоми корҳо ва пешниҳоди хизматгузориҳои ташкилоту шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат намояд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...