Ба ҷойи намояндаи Тоҷикистон роҳбари МТС Ӯзбекистон дабири кулли СҲШ мешавад

Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) номзадии Владимир Норовро ҷиҳати тасдиқ ба вазифаи дабири кулли нави Созмон дар нишасти моҳи июн пешниҳод намуд. Владимир Норов айни замон ба ҳайси роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Ӯзбекистон ифои вазифа мекунад. Бино ба маълумоти сомонаи Котиботи СҲШ, Дабири нави кулли Созмон дар давраи аз […]

Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) номзадии Владимир Норовро ҷиҳати тасдиқ ба вазифаи дабири кулли нави Созмон дар нишасти моҳи июн пешниҳод намуд.

Владимир Норов айни замон ба ҳайси роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Ӯзбекистон ифои вазифа мекунад.

Бино ба маълумоти сомонаи Котиботи СҲШ, Дабири нави кулли Созмон дар давраи аз 1 январи соли 2019 то 31 декабри соли 2021 сари ин мансаб кор мекунад. Аз 1 январи соли 2016 то охири соли 2016 ин вазифа бар дӯши Рашид Олимов, намояндаи Тоҷикистон вогузор шудааст.

Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар доираи омодагӣ ба нишасти Созмон дар Синдао (Чин) вазифаҳои аввалиндараҷа оид ба рушди фаъолияти СҲШ дар шароити нав баъди қабули Ҳиндустону Покистон баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳими байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.