Фаъолияти 19 истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрӣ барои кӯдакон дар Суғд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018» қарор ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, бар асоси қарори мазкур ва бо мақсади дар сатҳи зарурӣ омода кардани иншоотҳои истироҳатию солимгардонӣ ва ташкили истироҳати кӯдакону наврасон дар мавсими тобистон ҳайати Ситоди вилоятии «Тобистон-2018» тасдиқ […]

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018» қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, бар асоси қарори мазкур ва бо мақсади дар сатҳи зарурӣ омода кардани иншоотҳои истироҳатию солимгардонӣ ва ташкили истироҳати кӯдакону наврасон дар мавсими тобистон ҳайати Ситоди вилоятии «Тобистон-2018» тасдиқ карда шудааст.

Гуфта мешавад, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки барои ташкили самараноки истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакону наврасон тадбирҳои зарурӣ андешида, то 25 майи соли равон корҳои сохтмонӣ, таъмир, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркуниро дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ ба анҷом расонанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармутахассиси шуъбаи маълумоти томактабӣ ва миёнаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Бахтиёр Сахатов дар ин робита иттилоъ дод, мавсими тобистон дар қаламрави вилоят 19 истироҳатгоҳ (лагер)-и беруназшаҳрӣ, 5 ҳазору 527 лагери рӯзонаи наздимактабӣ, 243 лагери истироҳату меҳнат, 30 лагери истироҳату машғулият ба кор барои хонандагони синфҳои 9-10 ва 37 истироҳатгоҳи варзишиву солимгардонӣ фаъолият хоҳанд кард.

Мувофиқи нақшаи пешакӣ, дар ин истироҳатгоҳҳо дар маҷмӯъ фарогирии беш аз 70 ҳазор нафар кӯдакон ба истироҳату фароғати тобистона пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.