Коҳиши арзиши сабти ҳузур барои хориҷиён дар Ӯзбекистон

Date:

Нархи бақайдгирии шаҳрвандони хориҷиро дар Ӯзбекистон кам карданд. Ин масъала дар қарори ҳукумати Ӯзбекистон зикр шудааст.

Қаблан новобаста ба муҳлати ҳузур дар Ӯзбекистон, шаҳрвандони хориҷӣ барои қайд дар ин кишвар 20 доллар маблағ пардохт мекарданд.

Акнун онҳо вобаста ба муҳлати ҳузур дар Ӯзбекистон, дар ҳаҷми 2% аз маоши ҳадди ақал барои як рӯз ё 3,4 ҳазор сӯм (0,4 доллар) пардохт хоҳанд кард ва чунин тартибот дар мавриди ба муддати то 30 рӯз дар қаламрави Ӯзбекистон қарор доштани хориҷиён амал мекунад, хабар медиҳад CA-NEWS.

Тағйирот ба шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон низ дахл хоҳад кард. Акнун онҳо низ барои ба қайд гузоштан дар як рӯз 3,4 ҳазор сӯм (0,4 доллар) маблағ пардохт мекунанд. Пеш аз ин онҳо новобаста ба муҳлати ҳузур дар Ӯзбекистон, 5 доллар маблағ пардохт мекарданд.

Тартиботи нав ба сайёҳони хориҷӣ, ки маъмулан на дертар аз муддати 10 рӯз дар Ӯзбекистон меистанд, ба сарфаи воситаҳояшон имкон медиҳад, менависад нашрия.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи март реҷаи раводид байни Тоҷикистону Ӯзбекистон бекор шуда, аз ин ба баъд шаҳрвандони ҳарду кишвар метавонанд ба муддати 30 рӯз бераводид ба қаламрави давлатҳо ворид шаванд. Лекин бо ворид шудан ба Ӯзбекистон, шаҳрвандони Тоҷикистон уҳдадоранд, ки бо шиносномаи хориҷӣ ба сафар баромада, худро ба қайд гузоранд.

Мо тасмим гирифтем, ки чӣ гуна ва бо чӣ миқдор маблағ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафтанро хотиррасон намоем. Аммо ин ҷо равуои автобуси айни замон ягонаи мусофирбар тариқи хатсайри Хуҷанд – Тошканд ҷой надорад, ки нархи билети он – 50 сомонӣ мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...