Боз як футболбози тоҷик ба дастаи Булғористон гузашт

Ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилови 26-сола, ки мавсими гузашта дар дастаи «Балтика»-и Калиниград (17 бозӣ) ҳунарнамоӣ кард, минбаъд дар чемпионати Булғористон бозӣ мекунад, хабар медиҳад сомонаи расмии ФФТ. Бино ба иттилои манбаъ, футболбози тоҷик ба сифати агенти озод аз дастаи «Балтика» ба тими «Локомотив» (Пловдив) гузаштааст. Дар «Локомотив» Искандар Ҷалилов ҳамроҳи шарики худ дар […]

Asia-Plus

Ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилови 26-сола, ки мавсими гузашта дар дастаи «Балтика»-и Калиниград (17 бозӣ) ҳунарнамоӣ кард, минбаъд дар чемпионати Булғористон бозӣ мекунад, хабар медиҳад сомонаи расмии ФФТ.

Бино ба иттилои манбаъ, футболбози тоҷик ба сифати агенти озод аз дастаи «Балтика» ба тими «Локомотив» (Пловдив) гузаштааст.

Дар «Локомотив» Искандар Ҷалилов ҳамроҳи шарики худ дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон нимҳимоягар Парвизҷон Умарбоев бозӣ мекунад.

Искандар Ҷалилов қаблан низ дар чемпионати Булғористон иштирок карда буд. Мавсими соли 2016 ҳимоятгар ҳамроҳ бо дигар футболбози тоҷик Нуриддин Давронов дар тими «Дунав» (Русе)-и ин кишвар бозӣ мекарданд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2016 Искандар Ҷалилов ҳимоягтари тими мунтахаби футболи Тоҷикистон аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.