Зуҳуров ба маълумоти омории оилаҳои камбизоат бовар надорад

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, пеш аз ҳама намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар мавриди муайян кардани оилаҳои камбизоат дар ҷумҳурӣ мавриди интиқод қарор дод. Раиси парлумон мутмаин аст, ки ҳеҷ кас дар ҷумҳурӣ бо кадом меъёр ва нишондиҳандаҳо муайян кардани сатҳи камбизоатиро намедонад. «Ба ақидаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, пеш аз ҳама намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар мавриди муайян кардани оилаҳои камбизоат дар ҷумҳурӣ мавриди интиқод қарор дод.

Раиси парлумон мутмаин аст, ки ҳеҷ кас дар ҷумҳурӣ бо кадом меъёр ва нишондиҳандаҳо муайян кардани сатҳи камбизоатиро намедонад.

«Ба ақидаи ман, агар Вазорати тандурустӣ аз 100 оилаи яке аз деҳаҳои кишвар 6-тоашро камбизоат муайян кардаву ба онҳо дар як сол 400 сомонӣ кумаки унвонии иҷтимоӣ ҷудо шавад, пас дар ин бора бояд ҳамаи аҳолии он деҳа огаҳу мувофиқ бошанд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи маълумоти оморӣ давоми 12 сол – аз соли 2003 то соли 2015 дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ аз 73% то ба 31% поин бурда шуд.

«Ин маълумоти оморӣ аз куҷо гирифта мешавад? Аз ин рӯ, аз Вазорати тандурустӣ дархост мекунам, ки ба парлумон дар бораи чӣ гуна ва бо кадом тарз муайян кардани оилаҳои камбизоат дар ҷумҳурӣ ҳисоботи мушаххас пешниҳод намояд», – гуфт Зуҳуров.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала раиси Кумитаи молия ва иқтисоди парлумон Шариф Раҳимзода қайд кард, ки коҳиш ё болоравии сатҳи камбизоатиро Агентии омор аз рӯи натиҷаҳои назарсанҷиҳои иҷтимоӣ ҳар се моҳ муайян мекунад.

Дар ин робита Зуҳуров изҳор намуд, ки дар ҷумҳурӣ оилаҳое ҳастанд, ки амволи худро рӯйпӯш сохта, аз давлат кумаки иҷтимоӣ мегиранд ва дар ҳамин ҳол, оилаҳои воқеъан ҳам ниёзманд ба кумак дар канор мемонанд.

Ӯ таъкид дошт, ки дар бисёре аз минтақаҳои кишвар натанҳо аҳолӣ, балки намояндагони ҳокимияти давлатӣ низ дақиқан намедонанд ва ё баъзан тасаввурот ҳам надоранд, ки ба оилаҳои муҳтоҷ аз рӯи кадом нишондиҳандаҳои кумаки унвони иҷтимоӣ расонида шавад.

Дар парлумон зикр гардид, ки аввали соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон наздики 50 ҳазор оилаҳои камбизоатро муайян намуд, ки дар як сол дар ҳаҷми 400 сомонӣ кумаки якдафъаинаи молиявӣ гирифта, ба ҳудуди 77 ҳазор оилаҳо барои пардохти пули барқ ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ имтиёзҳо дода шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.