Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар маркази савдои “Меҳргон”-и Душанбе ҷашни Рӯзи харбуза доир мегардад. Оғоз соати 09:00; – Дар Театри давлатии драмавии мазҳакавии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом нахуснамоиши спектакли “Қобил” баргузор мешавад; – Дар мусобиқаи байнулмилалии футбол дар шаҳри Кунмини Чин дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон бо тими Ӯзбекистон бозӣ мекунад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор […]

АНОНС

– Дар маркази савдои “Меҳргон”-и Душанбе ҷашни Рӯзи харбуза доир мегардад. Оғоз соати 09:00;

– Дар Театри давлатии драмавии мазҳакавии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом нахуснамоиши спектакли “Қобил” баргузор мешавад;

– Дар мусобиқаи байнулмилалии футбол дар шаҳри Кунмини Чин дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон бо тими Ӯзбекистон бозӣ мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4298 сомонӣ;

1 евро – 10.9450 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1384 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи китоб

1960 – Мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали корхонаи истеҳсоли сементи Душанбе (феълан «Тоҷиксемент»).

2006 — Ифтитоҳи шабакаи нави телевизионии «Баҳористон» барои кӯдакон.

973-1048 – Зодрӯзи файласуфи тоҷику форс, муаррих, мунаҷҷим ва риёзишинос Абӯрайҳони Берунӣ.

1917-1994 – Мавлуди сарояндаи эпоси Гуруғлӣ Ҳақназар Кабуд.

1927 – Зодрӯзи Рассоми халқии Тоҷикистон Иван Лисиков.

1948 – Мавлуди оҳангсоз Фарҳод Низомов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона -3+2, рӯзона +16+21.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +26+31.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +32+34.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +29+31.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.