Наврасони тоҷик ба медали нуқраи Чемпионати Осиё соҳиб шуданд

Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон ба медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-16) соҳиб шуданд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии финалии мусобиқа байни дастаҳои Тоҷикистон ва Япония, ки дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд, футболбозони навраси тоҷик бозиро бо ҳисоби 1 бар 0 ба тими Япония бохтанд. Ҳамин тариқ дастаи […]

Asia-Plus

Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон ба медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-16) соҳиб шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии финалии мусобиқа байни дастаҳои Тоҷикистон ва Япония, ки дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд, футболбозони навраси тоҷик бозиро бо ҳисоби 1 бар 0 ба тими Япония бохтанд.

Ҳамин тариқ дастаи Япония бори сеюм қаҳрамони Осиё шуд. Дастаи Тоҷикистон ба мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки соли оянда дар Перу доир мегардад, роҳхат гирифт.

Медали нуқраи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия дастоварди беҳтарин дар таърихи даста мебошад. То ин дам футболбозони навраси тоҷик танҳо ду маротиба – солҳои 2006 ва 2010 дар мусобиқаи чемпионати Осиё ширкат варзида, соли 2006 дар Сингапур зинаи сеюмро ишғол карда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио