Маҳкум шудани салафӣ аз “Одноклассники” дар Душанбе

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нисбати сокини шаҳри Душанбе ба иттиҳоми таблиғи афкори равияи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Салафия” дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ҳукм содир намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, Фарҳод Муҳаммадиеви 23-сола мутобиқи моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (даъвати оммавӣ ба амалисозии фаъолияти ифротгароӣ) ба 5 соли зиндон маҳкум […]

Asia-Plus

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нисбати сокини шаҳри Душанбе ба иттиҳоми таблиғи афкори равияи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Салафия” дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ҳукм содир намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, Фарҳод Муҳаммадиеви 23-сола мутобиқи моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (даъвати оммавӣ ба амалисозии фаъолияти ифротгароӣ) ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Шурӯъ аз соли 2017 ӯ тариқи алоқаи мобилӣ дар сомонаи “Одноклассники” барои пайвастан ба равияи динии “Салафия” даъватҳо интишор мекард. Дар ин давра ӯ ба нашри беш аз 350 даъвати таблиғи афкори салафияҳо фурсат ёфтааст.

Ёдрас мекунем, ки ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд,  гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар, аз ҷумла яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён Сироҷиддин Абдураҳмонов низ маҳкум шуда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.