Муддати 25 сол бори нахуст дар Ню-Йорк ҳафта бе тирпарронӣ сипарӣ шуд

Мақомоти пулиси Ню-Йорк сокинони шаҳрро бо маълумоти хуб хушнуд кард. Мувофиқи маълумоти оморӣ, муддати 25 сол бори нахуст дНю-Йорк ҳафта бе тирпарронӣ сипарӣ шуд, менависад Медуза. “Ин ҳафта кормандони деаптраменти пулиси Ню-Йорк ягон тир напаррониданд. Чунин натиҷа чанд даҳсола вуҷуд надошт. Ба ҳар як корманди пулис , ки ин шаҳрро ҳимоя мекунанд ва ба ҳар […]

Мақомоти пулиси Ню-Йорк сокинони шаҳрро бо маълумоти хуб хушнуд кард. Мувофиқи маълумоти оморӣ, муддати 25 сол бори нахуст дНю-Йорк ҳафта бе тирпарронӣ сипарӣ шуд, менависад Медуза.

“Ин ҳафта кормандони деаптраменти пулиси Ню-Йорк ягон тир напаррониданд. Чунин натиҷа чанд даҳсола вуҷуд надошт. Ба ҳар як корманди пулис , ки ин шаҳрро ҳимоя мекунанд ва ба ҳар як сокини шаҳр, ки ба мо дар бехатару амнтар гардонидани он кумак мекунанд, миннатдорӣ изҳор менамоям”, – навиштастт дар Twitter сардори мақомоти пулис Родни Харрисон.

Ба гуфтаи ӯ, натанҳо рӯзҳои шанбе ва якшанбе, балки рӯзи ҷумъа ҳам дар шаҳр тирпарронӣ нашудааст, яъне аз рӯзи панҷшанбе ҳангоми тирпарронӣ дар Бруклин то рӯзи душанбе, 15 октябр, ки дар Бронкс марде кушта шуд.

Тавре New York Daily News менависад, ахиран ба ин монанд рӯзҳои орому амн дар бузургтарин шаҳри ИМА соли 1993 ба мушоҳида мерасиданд.

Раиси шаҳр Билл де Блазио ба мақомоти пулис барои ин дастовард миннатдорӣ изҳор намуда, онро барои шаҳри дорои аҳолии зиёда аз 8,6-миллион нафара “боварнокарданӣ” номидааст.

Тавре AFP иттилоъ медиҳад, нимсолаи аввали соли 2018 шумори куштор дар Ню-Йорк дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 8% афзудааст. Ин ҳодисаҳо бештар дар Бруклин ва Бронкс ба вуқӯъ мепайванданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.