Ангушти пойи ҳамлагари мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон шикаст

Машқҳои омодагии дастаи мунтахаби ҷавонони  то 19-солаи Тоҷикистон (U-19) оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ба бозии аввал дар мусобиқаи Чемпионати футболи Осиё-2028 бо Чин дар арафаи анҷомёбист. Футболбозони ҷавони тоҷик, ки хеле пештар ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқа ба Индонезия омада буданд, дирӯз тамрини навбатии худро гузарониданд. Барои ҳамлагари даста Нуриддин Ҳамроқулов мусобиқаи […]

Asia-Plus

Машқҳои омодагии дастаи мунтахаби ҷавонони  то 19-солаи Тоҷикистон (U-19) оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ба бозии аввал дар мусобиқаи Чемпионати футболи Осиё-2028 бо Чин дар арафаи анҷомёбист.

Футболбозони ҷавони тоҷик, ки хеле пештар ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқа ба Индонезия омада буданд, дирӯз тамрини навбатии худро гузарониданд. Барои ҳамлагари даста Нуриддин Ҳамроқулов мусобиқаи Чемпионати Осиё-2018 дар Индонезия оғоз нашуда, ба итмом расид, чунки ангушти пойи рости футболбози 18-сола шикаста, ӯ маҷбур шуд, ки бошгоҳи дастаро тарк намояд.

Тамрини дирӯзаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон якуним соат давом карда, дар ҷараёни он футболбозон таҳти назорати мураббиён Мубин Эргашев, Салоҳиддин Ғафуров ва Раҳматулло Фузайлов машқҳои тактикӣ гузарониданд. Дарвозабонон бо Амоншо Саодатсайров тамрин карданд.

Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби Чин (20-уми октябр), Малайзия (23-юми октябр) ва Арабистони Саудӣ (26-уми октябр) қувва меозмоянд.  Ҳамаи  бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Патриот Сандрабага»-и шаҳри Бекаси баргузор мегарданд. Оғози бозиҳо соати 17:00 ба вақти Душанбе.

Аз рӯи низомнома аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ¼- ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар сурати ба даври минбаъда баромадани дастаи мунтахаби Тоҷикистон футболбозони мамлакат бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” (Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Урдун) вориди рақобат мешаванд.

Қобили зикр аст, ки 4 дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2018 ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-20), ки дар Полша доир мегардад, иштирок мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.