Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Афғонистон

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита амали террористӣ дар шаҳри Кобул, ки ба ҳалокати даҳҳо нафар боис гардид, ба президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбути сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани  теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи маргталабона ба ҷамъомади бузурги бахшида ба мавлуди набавӣ дар Кобул боиси андуҳи  мардуми Тоҷикистон гардид.

“Мо ин аъмоли ғайринсонии террористонро қатъиян маҳкум карда, ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба Шумо, Ҷалолатмаоб, тамоми мардуми дӯсти Афғонистон изҳор менамоем ва ба наздикону пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил хоҳонем. Аз даргоҳи Худованд ба ҳамаи осебдидагон шифои комилро масъалат дорем”, – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки бар асари ҳамлаи маргталабона ба меҳмонхонае дар шаҳри Кобул, ки ҷашни мавлуди пайғамбар дар он баргузор мешуд, 50 нафар ҳалок ва беш аз 80 тани дигар захмӣ шуданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, маргталаб 20 ноябр ба толори ҷашние, ки дар он руҳониёни афғон ҷамъ омада буданд. ҳамла карда, худро дар байни маърака мунфаҷир кард. Масъулияти ин ҳамлаи пурқурбонии моҳи равонро то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...