Шаҳрдории Душанбе ҳамаро ба ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ даъват мекунад

Date:

Дар чорабинии асосӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аз иштироки беш аз 4 ҳазор нафар сокинону меҳмонони пойтахт интизорӣ меравад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод, чорабинии мазкур соати 10-и субҳи 24 ноябр дар майдони Парчами давлатии ҷумҳурӣ оғоз гардида, дар он ҳунармандони шинохтаи кишвар иштирок мекунанд.

Ғайр аз ин, дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ байни толибилмони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт дар мавзӯи “Парчами Тоҷикистон ситораи раҳнамои мо” озмуни беҳтарин иншо гузаронида мешавад.

Мақомоти шаҳрдорӣ ба тамоми ташкилоту корхонаҳои пойтахт сарфи назар аз шакли моликият, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯз биноҳои худро ба таври идона зебу зинат диҳанд.

Бо дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, ҳамаи хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе бо парчамҳои давлатии Тоҷикистон оро дода мешаванд.

Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар пойтахт чорабиниҳои варзишӣ, барномаҳои консертӣ ва маҷлису мизҳои гирд баргузор мешаванд.

Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамасола санаи 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Ин сана расман соли 2009 бо фармони Президент тасдиқ шуд. Ҷашн бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар поягоҳ бо баландии 165 метр парчами миллии Тоҷикистон барафрохта шуд, ки он дар китоби рекордҳои Гиннес сабт гардид. Дарозии парчам 50 ва паҳноиаш ба 30 метр баробар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...